IQNA

Филм | Китобхонаи таърихии Сараево — ганҷинаи нусхаҳои хаттӣ ва қуръонӣ

16:22 - May 24, 2025
рақами хабар: 3378
ИКНА - Китобхонаи таърихии Ғози Хусравбек дар шаҳри Сараево, ки дар соли 2018 аз сӯи ЮНЕСКО ба рӯйхати «Хотираи ҷаҳон» (Memory of the World) ворид карда шуд, дар баробари нигаҳдории нусхаҳои нодири Қуръон, ҳазорон нусхаи хаттии гаронбаҳоро низ дар риштаҳои улуми исломӣ, илмҳои табиӣ, риёзиёт, ҳандаса, нуҷум ва тиб нигоҳ медорад.

Ба гузориши ИКНА, китобхонаи Ғози Хусравбек, ки 488 сол боз дар шаҳри Сараево — пойтахти Босния ва Ҳерсеговина — фаъолият дорад, дар соли 1537 милодӣ аз тарафи Ғози Хусравбек, набераи султони Усмонӣ — Боязиди дувум — бунёд шуд ва яке аз куҳантарин китобхонаҳо дар минтақаи Балкан ба шумор меравад.

Ин китобхона беш аз 10 ҳазор нусхаи хаттӣ ба забонҳои туркӣ, арабӣ ва форсӣ бо таърихи чандсадсола дорад ва ҳамзамон маҷмӯаи ғание аз рӯзномаҳо ва маҷаллаҳоро дар бар мегирад.

Дар ҷанги ахири Босния, Институти шарқшиносӣ дар ин макон мавриди ҳамла қарор гирифт ва китобхонаи он бо 5240 асари нодири дастнавис сӯхт ва аз байн рафт.

Дар китобхонаи Ғози Хусравбек ду навъи нусхаҳои хаттӣ ҳифз мешавад:

  1. Нусхаҳои хаттии олимони Босния ва Ҳерсеговина, ки аз улуми шаръии мадрасаҳои Бағдод ва Қоҳира баҳра бурдаанд; Нусхаҳои исломии хаттӣ, ки тавассути уламо, ҳоҷиён ва тоҷирон аз шаҳрҳои Макка, Мадина, Қоҳира, Бағдод ва Истанбул ба ин китобхона оварда шудаанд.

Қадимитарин асари ҳифзшуда дар ин китобхона, нусхаи дастнависи китоби “Эҳёи улуми дин” аз Имом Муҳаммад Ғаззолӣ аст, ки ба соли 1105 милодӣ бармегардад. Ин асар яке аз куҳантарин нусхаҳои дастнавис дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Ин китобхона 20 нусхаи хаттӣ аз тарҷумаҳои Қуръон дар ихтиёр дорад, ки бархе ба забонҳои туркӣ-усмонӣ, форсӣ ва бархе дигар ба забони босниягӣ ҳастанд.

Ҳамчунин, як нусхаи Қуръони ранга, ки аз тарафи Фозил Пошо Шарифович (дар соли 1882 вафот ёфта) ва тавассути як муҳоҷири доғистонӣ дар соли 1849 хатт шудааст, дар ин китобхона нигаҳдорӣ мешавад. Ин мусҳаф яке аз муҳимтарин ганҷинаҳои фарҳангии Босния ва Ҳерсеговина ба шумор меравад.

Дар ин маҷмӯа, қадимитарин Қуръони хаттӣ, тасвирҳои миниётурии тазаррифшудаи эронӣ, номаҳои давлати Усмонӣ дар бораи қонунгузорӣ, номаҳои идорӣ ва дигар навъи мукотиботи таърихӣ низ ҳифз шудаанд.

Яке аз муҳимтарин осори ҳифзшуда дар ин китобхона, нусхаи хаттии Қуръони Карим бо тарҷумаи форсӣ мебошад, ки ба асри XVII бармегардад.

код

https://iqna.ir/fa/news/4283328

captcha